Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»


Президенти Тоҷикистон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Меҳргон гуфт, ки ойинҳои бостонии миллӣ бояд бештар ба ҳаёти имрӯза пайваст шуда, ба рушди фарҳанг, илм, маориф, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва иқтисоди миллӣ мусоидат кунанд.
17-10-2026 / 17.10.2026, Душанбе, «Ховар». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон изҳор намуданд, ки зарур аст ойинҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, бештар ба ҳаёти имрӯза пайванд дода шуда, ба омили пешрафти фарҳанг, илму маориф, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди иқтисоди миллӣ табдил дода шаванд.
Сарвари давлат инчунин изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ба шарофати ҷашнҳои миллии бостонӣ — Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада — тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибфарҳанг, дорои тамаддуни қадима ва анъанаҳои нодири мардумӣ муаррифӣ шудаанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»