Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Сеул 15 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ.
Дар шаҳри Сеул, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея, 2026-09-16 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея имзо шуд.
Ҳадафи ёддошт таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи барқарорсозии ҷангал, ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии офатҳои ҷангал ва муқовимат ба буҳрони иқлимӣ тибқи қонунгузории ду давлат гуфта шудааст. Дар матн инчунин ба нақши муҳими ҷангалҳо дар коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он ишора мешавад.
Тарафҳо таъсиси низомҳои пешрафтаи идоракунии иттилооти ҷангал, аз ҷумла низомҳои моҳвораии мониторинг, мубодилаи иттилооти илмӣ ва техникӣ, баргузории барномаҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва табодули коршиносонро дар назар доранд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»