Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд


24 October 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти заҳмати кишоварзони шаҳр, аз ҷумла сабзавот, меваи тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ, ғалладонагӣ, лӯбиёиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Ҳамчунин дар бораи афзоиши кишти ғалладона, васеъ шудани гармхонаҳо, парвариши чорвои хушзот, зиёд шудани саршумори паранда, густариши ҳавзҳои моҳипарварӣ ва кишти лӯбиёиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ маълумот дода шуд.
Намоишгоҳ дар шакли ҷолиб пешниҳод гардида, фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони меҳнатдӯсти шаҳрро дар истифодаи замин нишон медод. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои шаҳр низ васеъ пешниҳод шуд: навъҳои гуногуни нон, фатир, кулча ва таомҳои миллӣ, ки бо завқи хос омода гардида буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешрафти баъзе бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии деҳқонон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Ваҳдат бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва фаъолияти ватандӯстонаи сокинон ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатӣ табдил ёфтааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон