Ифтитоҳи беморхонаи хусусии ташхисию табобатии Мирзоён дар шаҳри Кӯлоб


5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб беморхонаи хусусии ташхисию табобатии Мирзоён дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффоров ба истифода дода шуд. Дар идома Маркази ташхису табобатии Шифо-D дар деҳаи Даҳана низ ифтитоҳ ёфт.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави тандурустӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ Мирзо Гадоев ва фарзандаш Хуршед Гадоев, инчунин Мирзозода Хушбахт ва Зуҳуршо бунёд гардидааст. Беморхонаи Мирзоён дорои шаш шуъба ва 36 ҳуҷраи корӣ буда, шуъбаҳои бемориҳои занона, дарунӣ, қалб, ҷарроҳӣ ва кӯдакона бо 50 кат фаъолият мекунанд. Ҳамчунин шуъбаи табобати физиотерапевтӣ ташкил гардида, он метавонад дар як вақт то 55 беморро бо намудҳои гуногуни муолиҷа фаро гирад. Беморхона барои зиёда аз 35 000 сокини минтақа хизматрасонии тиббӣ пешниҳод намуда, бо ба истифода додани он беш аз 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар деҳаи Даҳана низ Маркази ташхису табобатии Шифо-D бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Тоировҳо бунёд гардида, барои хизматрасониҳои ташхисӣ ва табобатӣ пешбинӣ шудааст. Шифо-D дорои панҷ шуъба ва 23 ҳуҷраи корӣ буда, дар як вақт имконияти ҷойгир намудани 20 беморро дорад. Бо оғоз гардидани фаъолияти марказ зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»