Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии нақлиёти барқӣ ҳамчун фаъолияти махсус муқаррар шуда, гирифтани иҷозатномаи махсус ҳатмист.
ДУШАНБЕ, 06-10-2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидор мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-08-2026 «Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқа, қабули огоҳиномаҳо», фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ҳамчун намуди фаъолияти махсус муқаррар карда шудааст.
Вазорат меафзояд, ки барои анҷом додани чунин фаъолият гирифтани иҷозатномаи махсус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидори дахлдор метавонанд барои ба расмият даровардани фаъолият тавассути сомонаи ijozat.mewr.tj сабти ном карда, номгӯйи ҳуҷҷатҳои заруриро ворид намоянд ё ба Вазорати энергетика ва захираҳои об муроҷиат кунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»