Дар Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид. Чорабинӣ барои табодули таҷриба, муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва рушди боғдорӣ дар доираи «Хатлон Инвест» гузашт.
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Баргузории фестивал барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам меорад. Ин чорабинӣ соли сеюм аст, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест» баргузор мешавад ва ба муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, рушди соҳаи боғдорӣ ва густариши ҳамкории иқтисодӣ мусоидат мекунад. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, дар ҷумҳурӣ 2496 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки 2026 гектараш мевадиҳанда мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»