Президенти Тоҷикистон: Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт


Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд гуфт, ки маҷмуи маҳсулоти вилоят дар соли 2025 ба 49 миллиард сомонӣ расид ва дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки маҷмуи маҳсулоти вилояти Суғд дар соли 2025 49 миллиард сомониро ташкил кард ва ин саҳми назарраси вилоят дар таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар мебошад.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят беш аз 70 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд, ки барои рушди саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»