ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /Ховар/. Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба ҷамъоварии ҳосили пахта шуруъ карданд. Роҳбарияти шаҳр аз раванди кор ва омодагии корхонаи қабул ва коркарди пахта боздид намуд.
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба ҷамъоварии ҳосили пахта шуруъ намуданд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, нахуст дар ҶДММ «Абдурауф Юсуфов» ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Гуфта шуд, ки дар бригадаи №17 майдони кишти пахта 8 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар Корхонаи воҳиди таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор» ва ҶДММ «50-солагии Октябр» низ ҷамъоварии пахта оғоз шуд.
Роҳбарияти шаҳр ва пирони кор зимни боздид аз раванди ҷамъоварӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, омодагии техникаи кишоварзӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди меҳнат барои чинакчиён маслиҳатҳо доданд. Ҳамчунин онҳо дар корхонаи коркард ва қабули пахтаи «Органик-Котон» бо омодагии он барои қабули пахтаи ҷамъоваришуда дар мавсими соли 2026 шинос шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»