ИқтисодМанбаи тоҷикӣ
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад


Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад ва масъули маҳаллӣ мегӯяд, ки ин минтақа барои парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ аст.
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад. Ба гуфтаи Муҳаммадҷони Маҳмадшариф, сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия, Ҷайҳун барои парваришу нигоҳубини меваҳои ситрусӣ мувофиқ аст ва дар қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон лимӯ, мандарин, киви, банан, папая, лайма, грейпфрут ва дигар меваҳои ситрусӣ парвариш карда мешаванд.
Ӯ афзуд, ки дар ноҳия дар 200 гектар гармхонаҳои лимӯ фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола беш аз 10 ҳазор тонна аз ин навъи маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»