Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид


Дар Пекин Фаррух Шарифзода ва Чжао Чжиюан масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, шароити ҷойгиршавӣ ва фаъолияти намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Душанбе ва Пекин, инчунин таҳкими заминаҳои моддию инфрасохториро баррасӣ карданд.
Дар шаҳри Пекин мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Чжиюан баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷойгиршавӣ ва фаъолияти самараноки намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Душанбе ва Пекин, инчунин таҳкими заминаҳои моддию инфрасохтории онҳо муҳокима шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»