Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»


20 октябри 2026, ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии омор, Ҷамшед Нурмаҳмадзода нақши маълумоти расмӣ ва боэътимоди омориро дар рушди ҷомеа ва қабули қарорҳо таъкид кард.
Душанбе, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ — 20 октябр Рӯзи ҷаҳонии омор муқаррар гардидааст. Ин сана барои нишон додани нақши калидии маълумоти омории расмӣ ва боэътимод дар рушди ҷомеа, иқтисодиёт ва қабули қарорҳои муҳими давлатӣ равона шудааст.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори кишвар дар самти татбиқи сиёсати давлатии соҳаи омор мебошад. Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, ки дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳифзи муҳити зист, рушди иқтисоди «сабз» ва коҳиш додани хавфҳои офатҳои табиӣ, такмили низоми ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди маълумоти оморӣ аҳаммияти махсус дорад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»