Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Давҳа вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар 9-умин Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ иштирок карда, афзалиятҳои кишварро дар соҳаҳои нақлиёт, гумрук, рақамикунонӣ ва сармоягузорӣ муаррифӣ намуд.
Душанбе, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад, аз 25 то 27 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар 9-умин Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор гардид. Дар кори он Абдураҳмон Абдураҳмонзода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуд.
Вай дар ҷаласаи мубоҳисавӣ оид ба ҳамгироӣ ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиши иловашуда ва ҳамоҳангсозии сиёсати тиҷоратию сармоягузорӣ иштирок карда, дар бораи рушди долонҳои нақлиётӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати сармоягузорӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ ибрози назар намуд. Ҳамчунин афзалиятҳои Тоҷикистон дар самти коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва ворид намудани корхонаҳои ватанӣ ба занҷираҳои минтақавию ҷаҳонии таъминот муаррифӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи форум Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Саид, Вазири давлатии тиҷорати хориҷӣ дар Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар ва ҳамраиси қисми қатарии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузориро, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар самти энергетика ва маблағгузорӣ ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Қатар, роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни ду давлат ва баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қатарро баррасӣ карданд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон