ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар 25 соли охир соҳибкорон ва сармоягузорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис додаанд.
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорону сармоягузорон ва шахсони саховатпеша зиёда аз 36 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла ҳазорҳо километр роҳ, бунёду навсозӣ гардид. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат изҳор доштанд. Роҳбари давлат гуфтанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шуданд. Ба гуфтаи ӯ, бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ ва 734 пул бунёд гардидааст. Президенти Тоҷикистон барои саҳми арзандаашон дар ободиву пешрафти кишвар ба ҳамаи соҳибкорон, сармоягузорон ва шахсони саховатпеша изҳори сипос намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»