Ба истифода додани бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 дар шаҳри Хоруғ


27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-ро барои 1048 хонанда дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави таълимӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил бунёд шудааст. Ҳангоми шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмон ба сифати кор, риояи меъёрҳои муосир ва истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Сохтмони ин муассисаи таълимии муосир аз сентябри 2024 оғоз шуда, дар муҳлати муайяншуда бо риояи талаботи меъёрҳои муосир анҷом ёфтааст. Дар раванди бунёд 150 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Муассиса аз 20 синфхонаи таълимӣ, 10 утоқи корӣ, китобхонаи электронӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Дар синфхонаҳо барои омӯзиши математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар муассиса 40 омӯзгор, ки 95 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, фаъолият мекунанд. Муассиса инчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва толори маҷлис бо 170 курсӣ мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»