Дар Душанбе ба ифтихори 111-солагии олим, ховаршинос ва тарҷумон Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуда, дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Любомир Фреборт ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иштирок карданд.
Ба гуфтаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Ирҷи Бечка дар омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии таъриху фарҳанг, забон ва адабиёти тоҷикон дар Чехия ва дигар кишварҳои Аврупо саҳми арзанда гузоштааст. Дар чорабинӣ аҳамияти омӯзиш ва гиромидошти мероси ӯ барои таҳкими ҳамкории илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чехия таъкид шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»