ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд


Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шарҳи дусолаи иҷрои нақшаи амали 2024-2026 баргузор гардид.
Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шарҳи дусолаи татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024-2026-и «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.
Ин стратегия 12 самти стратегии рушди низоми тандурустии кишварро муайян мекунад. Нақшаи амали 2024-2026 ҳуҷҷати асосии амалӣ барои татбиқи он буда, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд таҳия шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»