Дар 9 моҳ 6597 нафар машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм карданд


Дар 9 моҳи соли равон 6597 нафар машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро назди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Тоҷикистон хатм намуданд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» дар Душанбе, дар 9 моҳи соли равон 6597 нафар машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро дар назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ хатм намуданд. Аз ин шумора 2476 нафар ба муассисаҳои таълимии вилояти Суғд, 1132 нафар ба вилояти Хатлон, 68 нафар ба ВМКБ, 1826 нафар ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 1095 нафар ба шаҳри Душанбе рост меояд. Ҳамчунин дар заминаи Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон, Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар, Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе марказҳои шуғли фосилавӣ фаъолият доранд. Дар 9 моҳ 1300 нафар машғулиятҳои кӯтоҳмуддати ин марказҳоро хатм намуда, ҳоло дар назди онҳо 121 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»