Густариши ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур


Дар мулоқоти имрӯз дар Душанбе президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муовини директори генералии Раёсати илм ва технологияии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин масъалаи густариши робитаҳои дуҷониба ва лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуд.
Дар Душанбе имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо муовини директори генералии Раёсати илм ва технологияии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Хушэнг Сю мулоқот кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи густариши робитаҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи илм ва технология баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба роҳ мондани таҳқиқоти муштаракро дар соҳаҳои энергетика, геология, сейсмология, ҳифзи муҳити зист, омӯзиши захираҳои табиӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»