Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Душанбе байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва IWMI дар Осиёи Марказӣ ёддошти тафоҳуми сеҷониба ба имзо расид. Ҳамчунин байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи аграрӣ ёддошти тафоҳуми дуҷониба имзо шуд.
Ҳуҷҷатҳо 26 October 2026 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Даврон Сафарзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ, Усмон Маҳмадёрзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Маркус Дурст, муовини роҳбари Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, ва Барбара Януш-Павлетта, роҳбари намояндагии минтақавии IWMI дар Осиёи Марказӣ, ба имзо расиданд.
Ҳадафи асосии ҳамкории сеҷониба таҳияи барномаи муштараки магистрӣ дар соҳаи дипломатияи об дар доираи ташаббуси минтақавии «Blue Peace Central Asia» (2025-2029) мебошад, ки бо дастгирии Швейтсария амалӣ мегардад. Барнома ба омодасозии мутахассисон дар идоракунии захираҳои об, ҳуқуқи байналмилалии об ва ҳамкории фаромарзӣ равона шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»