Барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфт


Бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ барои муайян кардани сабабу оқибатҳо ва андешидани тадбирҳои зарурӣ таъсис дода шуд.
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани сабабу оқибатҳо ва ҳамчунин андешидани чораҳои дахлдор барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки тайи чанд соли охир дар минтақаҳои кӯҳии кишвар бо сабаби аз кор баромадани тормоз дар мошинҳои боркаши гаронвазн ҳангоми аз баландӣ ба поён ҳаракат кардани онҳо садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳанд. Аз ҷумла, дар Кӯлоб соли 2023 ва дар роҳи «Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ» соли 2026 чунин ҳолатҳо сабт шудаанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»