Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд. Ба иттилои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, эътидоли тирамоҳии соли 2026 23 сентябр, соати 00:05 UTC ва баробар ба 05:05 ба вақти Душанбе рух дод.
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ фаро расид. Тибқи иттилои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар», эътидоли тирамоҳии соли 2026 ба 23 September, соати 00:05 ба вақти ҷаҳонӣ (UTC) ва баробар ба 05:05-и субҳ ба вақти Душанбе рост омад. Ин лаҳза оғози тирамоҳи астрономӣ дар нимкураи шимолӣ ва оғози баҳори астрономӣ дар нимкураи ҷанубӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми эътидоли тирамоҳӣ маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии солонаи худ экватори осмонро аз шимол ба ҷануб убур мекунад. Дар рӯзи эътидол давомнокии рӯз ва шаб дар аксари минтақаҳои Замин тақрибан баробар аст, ҳарчанд фосилаи байни тулӯъ ва ғуруби Офтоб одатан каме бештар аз 12 соатро ташкил медиҳад. Пас аз эътидоли тирамоҳӣ дар нимкураи шимолӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, кӯтоҳшавии рӯзҳо ва дарозшавии шабҳо то фарорасии инқилоби зимистонӣ идома меёбад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»