Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якумин Бонки генетикии растаниҳо ба истифода дода шуд.
Бонки генетикии растаниҳо бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таъсис ёфтааст. Ҳадафи он ҳифзи дарозмуддати тухмиҳои растаниҳои арзишманд, нодир ва маҳаллӣ, инчунин нигоҳдории гуногунии генетикии дохилинамудӣ ва хешовандони ёбоии растаниҳо, аз ҷумла намудҳои эндемикии Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ин захирагоҳ ба олимон имкон медиҳад, ки тухмиҳои растаниҳои маҳаллӣ ва минтақабоб, инчунин намудҳои нодиру камёфти растаниҳои ёбоии Тоҷикистонро ҷамъоварӣ, захира ва барои муддати дароз нигоҳдорӣ намоянд. Бонк ҳамчунин ҳамчун заминаи муҳими илмӣ барои таҳқиқоти гуногунии биологӣ, хусусияти ирсӣ, ҳифзи намудҳои нодир ва ба даст овардани навъу намунаҳои ояндадори растаниҳо хизмат мекунад.
Барои нигоҳдории беш аз 1000 номгӯй маводи коллексионӣ дар яхдонҳо дар ҳарорати аз 0 то +3°С ва зиёда аз 5000 номгӯй тухмиҳои растаниҳо дар қуттиҳои махсуси оҳанин дар шароити ҳарорати нисбатан паст шароит пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон пойгоҳи махсуси илмӣ ташкил шудааст, ки дар он маълумоти ҳар як навъ ва намуна ба қайд гирифта шуда, ба ҳар намуна рамзи махсуси генетикӣ (ID) дода мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»