Боздид аз боғи интенсивии Пайванди Рашт ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт, Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, обёрии он пурра тавассути низоми қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар боғ 18 навъи дарахти мевагӣ, аз ҷумла 8 навъи себ, 6 намуд нок, 2 гуна олу ва 2 хел зардолу парвариш меёбад. Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар боғ ҳосили хуб ба даст омада, ҳаҷми ҷамъоварии мева зиёда аз 100 тонна мебошад. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар як гӯшаи боғ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуда буд, ки дар он дастранҷи деҳқонону кишоварзони ноҳия муаррифӣ гардид. Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба масъулон барои рушди бештари корҳои кишоварзӣ ва афзун намудани саҳми ноҳияҳои водии Рашт дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва иқтидори содиротии кишвар супоришҳои мушаххас доданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»