Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир — 2026 баргузор гардид. Ҳадафи он баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар идоракунии маҷмӯии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист буд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, форум дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, омӯзгорон, коршиносон, мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ташкилоти манфиатдор иштирок карданд.
Иштирокдорон масъалаҳои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро баррасӣ намуданд. Дар қисми амалӣ модели ҳавзаи дарёи Сир сохта шуда, чорабиниҳои интерактивӣ баргузор гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»