15 September 2026 дар Душанбе бо иштироки Рамазон Раҳимзода масъалаҳои омодагӣ ба Бозиҳои XX Осиёии Айчи ва Нагоя баррасӣ шуданд.
15 September 2026 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи омодагӣ ба иштироки варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои XX Осиёии Айчи ва Нагояи Ҷопон-2026, вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои дарпешистода, сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва равонии онҳо, инчунин муҳимияти иштироки шоиста дар яке аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии қитъаи Осиё баррасӣ шуданд. Тибқи хабар, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёии Айчи ва Нагоя Тоҷикистонро аз намуди шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»