АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар Душанбе ҳарорат то 32 дараҷа мерасад.
ДУШАНБЕ, 2026-09-16 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар вилояти Суғд дар баъзе ноҳияҳои водибуда бориши сусти борон, ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат бо эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимоли раъду барқ пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»