Дар ҷаласаи Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд

Хулоса ва заминаи хабар
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро, ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, масъалаҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва омодагӣ ба 35-солагии созишномаи марбута баррасӣ шуданд.
Душанбе, 25.09.2026, ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷаласа Раиси Шӯро ва Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, намояндагони мақомоти авиатсияи гражданӣ ва намояндагони ваколатдори ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, инчунин роҳбарияти Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ иштирок намуданд.
Ҳозирин масъалаҳои омодагӣ ба 35-солагии Созишнома оид ба авиатсияи гражданӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва таъсиси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ, инчунин рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ташкили алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳои иштирокчӣ ва тақвияти минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ карданд.
