«Футбол — омили ваҳдат ва ҳамдилии ҷавонон». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд баргузор шуд


Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд миёни устодону кормандон баргузор гардид. Дастаи «Истиқлол» дастаи «Ваҳдат»-ро мағлуб карда, Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро гирифт.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Футбол – омили ваҳдат ва ҳамдилии ҷавонон» байни устодону кормандон мусобиқаи футболи хурд баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз худи донишгоҳ хабар доданд. Ҳадафи чунин чорабиниҳои варзишӣ ҷалби устодону кормандон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими руҳияи дӯстӣ ва ҳамкорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад. Дар натиҷаи рақобат дастаи «Истиқлол» бар дастаи «Ваҳдат» пирӯз шуда, сазовори Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Таъкид шудааст, ки варзиш на танҳо воситаи солимгардонӣ, балки яке аз омилҳои муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдилӣ, ҳамкорӣ ва руҳияи созанда дар ҷомеа мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»