Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ кушода шуд


Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази нави таълимӣ, аз ҷумла маркази «STEM» ва Маркази омӯзиши рушди устувори шаҳри Хоруғ, ба фаъолият оғоз карданд.
Ба иттилои «Ховар», дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ду маркази муосири таълимӣ кушода шуд: Маркази омӯзиши рушди устувори шаҳри Хоруғ ва маркази «STEM».
Ин иқдом дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) амалӣ шудааст. Тибқи хабар, маркази «STEM» ҳамчун қадами муҳим барои тақвияти неруи илмӣ ва таълимии донишгоҳ арзёбӣ мешавад.
Маркази омӯзиши рушди устувори шаҳри Хоруғ барои омӯзиш ва таҳияи модулҳои таълимӣ вобаста ба устувории шаҳр, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва боло бурдани устувории муҳити шаҳрӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»