Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ конференсияи миллӣ оид ба ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди давлат баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, 2026-09-15 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди давлат» конференсияи миллӣ доир шуд. Вазорат ин хабарро ба АМИТ «Ховар» расонд.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории он фароҳам овардани заминаи мусоиди муколама, таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва муайян намудани роҳҳои нави ҷалби иқтидори ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди устувори мамлакат мебошад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки онҳо метавонанд дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сармоягузории Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»