35-солагии истиқлоли давлатӣ: дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд


Хабарномаи расмии «Ховар» мегӯяд, ки дар 35 соли истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис ёфта, ба рушди идоракунии маҳаллӣ таваҷҷуҳ бештар шудааст.
ДУШАНБЕ, 2026-09-11 /АМИТ «Ховар»/. Даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳимтарини ташаккули давлатдории навини миллӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ ва рушди низоми идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Бо ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот дар мамлакат ба бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаи ҳаётан муҳими идоракунии рушди маҳал, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар натиҷа, ин соҳа ба муваффақияти назаррас ноил шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»