ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Мутахассисони тоҷик ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи ташхиси судиву тиббӣ густариш медиҳанд


Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба шахсони бедаракшуда дар Боку ширкат кард. Дар нишаст нақши сохторҳои тиббӣ, ташхиси судиву тиббӣ, таҳқиқоти генетикӣ ва табодули таҷриба баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /НИАТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба масъалаи шахсони бедаракшуда дар Бокуи Озарбойҷон иштирок намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои марбут ба нақши сохторҳои тиббӣ ва ташхиси судиву тиббӣ дар муайян кардани шахсияти афроди ношинос, истифодаи имкониятҳои муосири таҳқиқоти генетикӣ, ҳамкории мутахассисон ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»