Дар мулоқоти сарони Тоҷикистону Корея густариши ҳамкорӣ, ҷалби сармоя, технологияҳои нав ва рушди бахшҳои калидии иқтисод баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Корея муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуда, иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморида шуд. Ҳамзамон тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстонаи мардумони ду давлат таъкид карда шуд. Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба байни ду давлати дӯст арзёбӣ гардид. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад. Таъкид гардид, ки дар робитаҳои ду давлат авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад. Ифтитоҳи намояндагии Агентии рушди савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA) дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»