Ифтитоҳи Мактаби президентӣ дар ноҳияи Рашт


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
11 September бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Рашт ба истифода дода шуд.
Ин муассисаи нави таълимӣ дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Президенти Тоҷикистон ва бо мақсади беҳсозии фазои таълиму тарбия мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ шудааст. Дар он синфхонаҳои компютерӣ бо шабакаи интернет, синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои химия, биология ва физика, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, толори варзиш, майдончаи варзишӣ, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ ҷойгир аст.
Ҳамчунин барои хонандагони аз ноҳияҳои дигари минтақа 2 хобгоҳи ҷудогона барои духтарон ва писарон сохта шуда, барои 350 хонанда пешбинӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани ин мактаб зиёда аз 60 омӯзгор соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»