23 October 2026 / Ховар хабар дод, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ мешавад ва дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 м/с, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 м/с мевазад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 1-6 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор пешгӯӣ шудааст. Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои камабри бебориш бо шамол ва эҳтимоли чангу ғубор пешбинӣ мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»