Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
9 октябри 2026 дар шаҳри Москва ҷаласаи 21-уми Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд. Дар он Ҳайдаралӣ Раҷабзода иштирок ва суханронӣ кард.
9 октябри 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи 21-уми Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори он Ҳайдаралӣ Раҷабзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуд.
Ӯ дар бораи вазъи соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ва тадбирҳои андешидашаванда барои такмили низоми ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии истеъмолкунандагон маълумот пешниҳод намуд. Таваҷҷуҳи махсус ба рақамикунонии равандҳо ва истифодаи низоми электронии қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон дода шуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯрии Ҳайдаралӣ Раҷабзода бо Анна Попова, роҳбари Хадамоти федералии назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳбуди инсони Федератсияи Русия, баргузор гардид. Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкории байниидоравӣ баррасӣ шуданд. Ӯ инчунин дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шароити рақамикунонӣ иштирок намуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»