ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies ёддошти тафоҳум ба имзо расид


Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies-и Ҳиндустон ёддошти тафоҳум имзо карданд, ки ба таҳкими ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва байналмилалӣ нигаронда шудааст.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», санад дар мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбари Маркази таҳқиқоти кишварҳои ИДМ-и MERI Рамакант Двиведи ба имзо расид.
Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои ҳамкории донишгоҳ бо MERI Centre for International Studies-и Ҳиндустон баррасӣ шуд. Тарафҳо оид ба табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак гуфтугӯ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»