Дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва захира кардани хӯроки чорво барои зимистон идома дорад; тибқи нақша барои соли ҷорӣ беш аз 297 ҳазор тонна хӯроки дурушт ва 110 ҳазор тонна хӯроки ширадор пешбинӣ шудааст.
Тавре Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳар сол аз аввали тобистон то охири тирамоҳ хӯроки зарурии чорво дар кишвар захира мешавад. Ҳадаф аз ин кор таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир дар мавсими зимистон аст.
То 14 августи соли равон 222 ҳазору 859 тонна хӯроки дурушт ва 32 017,6 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ шуда, ин раванд идома дорад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва камбуди манбаъҳои об, ҷамъоварии саривақтӣ ва захираи кофии хӯрок барои амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи чорводорӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон 3,8 миллион гектар чарогоҳ мавҷуд аст. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул шудааст. Манбаъ: Хабаргузории миллии Тоҷикистон «Ховар».
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»