Душанбе, 2026-10-13 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои оморӣ, дар Тоҷикистон 4026 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият мекунад. Бештари онҳо дар вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд.
Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар 4026 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дорад. Аз ин шумора 385 адад ба истихроҷ, 3466 адад ба коркард, 72 адад ба таъмини неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 103 адад ба таъмини об ва коркарди партовҳо рост меояд.
Аз рӯи тақсимоти минтақавӣ, 1338 адад ё 33.2 фоиз дар вилояти Суғд, 932 адад ё 23.2 фоиз дар вилояти Хатлон, 838 адад ё 20.8 фоиз дар шаҳри Душанбе, 702 адад ё 17.4 фоиз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 216 адад ё 5.4 фоиз дар ВМКБ фаъол мебошанд. Дар гузориш таъкид мешавад, ки саноатикунонӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз самтҳои афзалиятноки кишвар мебошанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»