Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Душанбе Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони якчанд кишвар иштирок карда, ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ таъкид шуд.
Дар шаҳри Душанбе Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа намояндагони расмии Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Сардори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмумин Давлатзода гуфт, ки таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар бо роҳи тадбирҳои тодаъватӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, омодасозии мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва рушди намудҳои ҳарбӣ-амалӣ ва техникии варзиш муҳим аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»