Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси C5+1 SI дар шаҳри Остонаи Қазоқистон иштирок кард. Дар ҳошияи нишаст дастовардҳои кишвар дар рушди зеҳни сунъӣ ва гузариш ба низоми рақамӣ муаррифӣ шуданд.
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси C5+1 SI дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд.
Конфронс ба рушди зеҳни сунъӣ, таҳкими ҳамкории рақамӣ ва густариши шарикии технологӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахшида шуд. Дар доираи ҷаласаи канорӣ муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзод дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва раванди гузариш ба низоми рақамӣ муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон доир ба дурнамои тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва рушди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи рақамикунонӣ мубодилаи афкор доир шуд. Конфронси C5+1 SI дар доираи AI MONTH 2026 баргузор гардид ва намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши технологӣ ва коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои баррасии масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, омодасозии кадрҳо ва ҳамкории технологӣ ба ҳам овард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»