Анҷоми сафари корӣ дар ноҳияи Рашт


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, пас аз анҷоми сафари корӣ аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурӯдгоҳи ноҳия ӯро намояндагони маҳаллӣ ва фаъолон бо эҳтиром гусел карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз анҷоми сафари корӣ аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро фаъолон ва роҳбарияти ноҳия бо самимияти баланд гусел намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ дар фурӯдгоҳ Пешвои миллат аз нақши соҳибкорон дар дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар, саҳмгузории онҳо дар корҳои ободонӣ ва таъсиси иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ ёдовар шуданд. Пешрафти тадриҷии иқтисодиёт ва беҳшавии зиндагии мардум самараи Истиқлоли давлатӣ ва оромии Ватан арзёбӣ гардид. Ҳамчунин ба намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарияти ноҳия барои истифодаи бештар аз имкониятҳои мавҷуда дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифа гузошта шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»