Пайвандгарон ба сармо омодагӣ мегиранд


Мутахассисони техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» омодасозии ҳамаҷонибаи иншооти алоқаро ба давраи тирамоҳу зимистон оғоз карданд.
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /НИАТ «Ховар»/. Мутахассисони техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» омодасозии ҳамаҷонибаи иншооти алоқаро ба давраи тирамоҳу зимистон дар саросари кишвар оғоз кардаанд. Дар доираи ин кор таҷҳизот санҷида шуда, барои пойгоҳҳои базавӣ манбаъҳои эҳтиётии неруи барқ таъмин мегарданд.
Тағйирёбии ҳарорат, барфу ях ва шамолҳои сахт ҳар сол барои соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон санҷиши ҷиддӣ мегарданд. Дар мавсими сард дастрасӣ ба бисёре аз иншооти алоқа душвор мешавад, бинобар ин мутахассисон пешакӣ ҳамаи низомҳоро месанҷанд ва нигоҳдории техникии пойгоҳҳои базавӣ ва дигар унсурҳои инфрасохторро ташкил мекунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»