Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зиёда аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва татбиқ шудааст.
Душанбе, 13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зиёда аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ин давра, аз ҷумла технологияи кишти ғалладонагиҳои навъҳои ватанӣ бо коркарди сифрии хок, кишти зериплёнкагии чигит бо усулҳои обёрии қатрагӣ ва муқаррарӣ, рӯёнидани 3-4 ҳосили зироати кишоварзӣ дар як сол, истифодаи сидератсия барои нурии сабз, парвариши зироати равғандиҳанда дар кишти тирамоҳӣ, усулҳои интегратсионии ҳифзи зироати кишоварзӣ аз касалию ҳашароти зараррасон, усулҳои такрористеҳсолкунии тухмиҳои элитаю репродуксионии зироати кишоварзӣ ва ғайра татбиқ гардиданд. Истифодаи самараноки замину об ва иқлими Тоҷикистон имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар чор фасли сол ба роҳ монда шуда, дар баробари таъминоти бозори истеъмолии мамлакат содирот гардад. Дар солҳои минбаъда ба рушди инноватсионии соҳа, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот, истифодаи самараноки заминҳои корам, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамкории зич бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи деҳқонон, минтақабобсозии зироати кишоварзӣ, таҷрибаи пешқадами иттилоотии технологӣ ва татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот дар робита ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»