Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти сатҳи баланди Конфронси ҷаҳонии ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор дар Сеул аҳамияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамбастагии байналмилалӣ ва иқтидори логистикии кишварро таъкид кард.
Душанбе, 2026-09-17, Душанбе /АМИТ «Ховар»/. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ ва воқеъ дар минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори логистикӣ аҳамияти хос дорад. Чунин иброз намуд Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи сатҳи баланди бисёрҷонибаи Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор — GICC 2026, ки бо иштироки намояндагони воломақом ва шарикони байналмилалӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар Сеул баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими ҳамбастагии байналмилалии нақлиётӣ, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи инфрасохтор баррасӣ гардиданд.
Азим Иброҳим зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро оид ба аҳамияти рушди инфрасохтори муосир, боэътимод ва устувори нақлиётӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию транзитӣ баён намуд. Дар ин замина, ҷонибдории Тоҷикистон аз густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои шарик, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, сармоягузорон, ширкатҳои муҳандисӣ ва бахши хусусӣ таъкид гардид. Ҳамзамон зарурати истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаи нақлиёт, рушди низомҳои интеллектуалии нақлиётӣ ва татбиқи ҳуҷҷатгузории электронии нақлиётӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Вазир инчунин ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба ҳамбастагии нақлиётӣ ва рушди устувор ишора намуда, аз ҷумла қабули қатъномаи бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳодшуда дар иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) дар Бангкокро таъкид намуд. Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд барои Тоҷикистон ба хотири муаррифии афзалияти кишвар дар соҳаи нақлиёт, баррасии лоиҳаҳои ояндадори инфрасохторӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ имконияти муҳим фароҳам меорад.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои нақлиётиву инфрасохторӣ бо шарикони хориҷӣ изҳори омодагӣ менамояд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»