Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
14.10.2026 /Ховар/ — Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди Тоҷикистон 760 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 337 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, равона шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат гуфт, ки ин маблағҳо барои бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ ва иншооти иҷтимоӣ истифода шудаанд.
Ӯ таъкид кард, ки ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бояд ба таъсиси иқтидори нави истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ ва рушди инфрасохтор мусоидат кунад. Ҳамчунин зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» ва «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» пурра татбиқ шаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»