ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Дар Тоҷикистон амалиёти «Автобус» барои пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт оғоз шуд


Аз 14 то 23 сентябри 2026 дар Тоҷикистон амалиёти «Автобус» дар доираи нақша-чорабиниҳои мақсадноки «Назорат» гузаронида мешавад.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», ин амалиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 23 сентябри 2026 амалӣ мегардад. Дар ин хусус аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Ҳадафи амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, беҳтар намудани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва таъмини риояи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»