Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои UNECE иштирок намуд


Шараф Шерализода 12-13 October 2026 дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои UNECE дар Женева иштирок кард.
Шараф Шерализода, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) иштирок намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои устувории шаҳрдорӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, сифати муҳити зист, инноватсия ва эҷодкорӣ, банақшагирии фарогири шаҳрӣ, баланд бардоштани устувории шаҳрҳо дар ҳолатҳои фавқулода, инчунин таъмини аҳолӣ бо манзили зист ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»