Соли ободонию созандагӣ: Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад


Дар ноҳияи Ёвон корҳои ободонӣ идома доранд ва мумфаршкунии як роҳи маҳаллӣ дар деҳаи Сабззор оғоз шуд.
Душанбе, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ёвон идома доранд.
Дар ҳамин замина бо иштироки Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода дар деҳаи Сабзазори деҳоти Чоргул мумфаршкунии роҳи маҳаллӣ оғоз гардид. Ин тадбир бо дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми сокинон амалӣ шуда, дар доираи он бо ҷалби зиёда аз 3 миллион сомонӣ дар масофаи 3 километр роҳи маҳаллӣ бо истифода аз асфалти хушсифат пурра мумфарш карда мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»