«Шоҳин Эйрлайнз» аввалин ҳавопаймои L-410 NG-и худро муаррифӣ кард


Дар Душанбе ширкат ва аввалин ҳавопаймои он бо номи «Бадахшон» муаррифӣ шуданд. Масъули давлатӣ ин оғозро қадами муҳим барои рушди ҳавонавардии миллӣ номид.
Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» баргузор шуд ва дар ҳамин чорчӯба аввалин ҳавопаймои ширкат — L-410 NG бо номи «Бадахшон» — низ ба намоиш гузошта шуд.
Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ишора ба таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди авиатсияи гражданӣ гуфт, оғози фаъолияти ин ширкати нав ва ба истифода додани ҳавопаймои нави L-410 NG марҳалаи муҳим дар рушди минбаъдаи ширкат ва умуман ҳавонавардии миллӣ аст ва ба зиёд шудани интиқоли мунтазами мусофирон дар хатсайрҳои дохилӣ мусоидат мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»